Дили девонагиям ҳасту сари нобокӣ

589

Дили девонагиям ҳасту сари нобокӣ,
Ки на корест шикебоию андуҳнокӣ.

Сар ба хумхонаи ташнеъ1 фурӯ хоҳам бурд,
Хирқа, гӯ, дар бари ман даст бишӯй аз покӣ.

Даст дар дил куну ҳар пардаи пиндор, ки ҳаст,
Бидар, эй сина, ки аз дасти маломат чокӣ.

То ба нахчири дили сӯхтагон кардӣ майл,
Ҳар замон баста диле сӯхта бар фитрокӣ.

Анта райёну ва кам ҳаблука қалбун содин,
Анта фарҳону ва кам наҳвука тарфун бокӣ.

Ё Раб, он оби ҳаёт аст бад-он ширинӣ,
Ё Раб, он сарви равон аст, бад-он чолокӣ?

Ҷомае паҳнтар аз коргаҳи имконӣ,
Луқмае бештар аз ҳавсалаи идрокӣ.

Дар шиканҷи сари зулфи ту, дареғо, дили ман,
Ки гирифтори ду мор аст, бад-ин заҳҳокӣ.

Оҳи ман бод ба гӯши ту расонад, ҳаргиз?
Ки на мо бар сари хокему ту бар афлокӣ?

Алғиёс аз ту2, ки ҳам дардию ҳам дармонӣ,
Зинҳор аз ту, ки ҳам заҳрию ҳам тарёкӣ.

Саъдиё, оташи савдои туро обе бас,
Бод бефоида мафрӯш, ки муште хокӣ.


1 Маломат сарзаниш.
2 Дод мехоҳам аз ту.