Дило, рафиқи сафар бахти некхоҳат бас

269

Дило, рафиқи сафар бахти некхоҳат бас,
Насими равзаи Шероз пайки роҳат бас.

Дигар зи манзили ҷонон сафар макун, дарвеш,
Ки сайри маънавию кунҷи хонақоҳат бас.

В-агар камин бикушояд ғаме зи гӯшаи дил,
Ҳарими даргаҳи пири муғон паноҳат бас.

Ба садри мастаба биншину соғаре май нӯш,
Ки ин қадар зи ҷаҳон касби молу ҷоҳат бас.

Зиёдатӣ маталаб, кор бар худ осон кун,
Суроҳии майи лаълу буте чу моҳат бас.

Фалак ба мардуми нодон диҳад зимоми мурод,
Ту аҳли фазлию дониш, ҳамин гуноҳат бас.

Ҳавои маскани маълуфу аҳди ёри қадим
Зи ҳамраҳони сафаркарда узрхоҳат бас.

Ба миннати дигарон хӯ макун, ки дар ду ҷаҳон
Ризои Эзаду инъоми подшоҳат бас.

Ба ҳеч вирди дигар нест ҳоҷат, эй Ҳофиз,
Дуои нимшабу дарси субҳгоҳат бас.