Дил боз саросемаи симинзақане шуд

Дил боз саросемаи симинзақане шуд,
Мафтуни шакаррезии ширинсухане шуд.

Ҳарчанд, ки сад захм зи ханҷар ба танам зад,
Ҳар як пайи бӯсидани дасташ даҳане шуд.

Бас шаҳ, ки чу Хусрав лаби ширини ту чун дид,
Дар кӯҳ зад аз ишқ сару Кӯҳкане шуд.

Азбаски зи ишқам шуда машҳур ба ҳар кӯй,
Ҳар ҷо, ки нишастам, зи бутон анҷумане шуд.

Ҳар куштаи ишқи ту зи дил баста ҷигархун,
Бингар, ки шаҳиди ту чӣ хунинкафане шуд!

То аз ту қабо монеи ман гашт, ба тангам,
Хуш он ки ҳамин монеи ӯ пераҳане шуд.

Ҷомӣ, ки зи ақлу адаб афтода ба ишқ аст,
Дар меҳнати ин кор аҷаб мумтаҳане1 шуд.


1 Мумтаҳан – имтиҳонкардашуда, санҷида.