Дил дид лабат в-аз ду ҷаҳон бехабар афтод

Дил дид лабат в-аз ду ҷаҳон бехабар афтод,
Бин мастии ин май, ки аҷаб коргар афтод.

Ҳар ҷо зи ту шӯрест, ҳамоно, ки зи хубон
Дар тинати поки ту намак бештар афтод.

Зулфи сияҳат сӯхта аз барқи таҷаллист,
Чун акси ду рухсори ту бар якдигар афтод.

То новаки ту бар сипар афтод, на бар ман,
Сад чин ба чин аз ҳасадам чун сипар афтод.

Парвона зи сӯзе, ки маро ҳаст чӣ огоҳ,
К-ин шуъла маро дар ҷигар, ӯро ба пар афтод.

Холест дилафрӯз ба ҳар рӯ, ки нишон монд
Ҳар ҷо ба бутон з-оташи ту як шарар афтод.

Гар зевари тавқи саги ту боядат, инак
Аз хуни дилам лаълу зи ашкам гуҳар афтод.

Ҷомӣ ғазали Саъдиву онон, ки ҷавобаш
Гуфтанд, чу бишнид, ба ин назм дарафтод.

Ин назм на дар пояи Саъдист, валекин
Бо гуфтаи ёрони дигар сарбасар афтод.