Дил зи меҳри дигарон бардоштӣ

Дил зи меҳри дигарон бардоштӣ,
Дар дили мо меҳри дигар коштӣ.

Дар чаҳ афгандӣ диламро з-он зақан,
Аз ҷафо мӯйе фурӯ нагзоштӣ.

Хуш шуд аз ҷанги ту вақти ман, нигар,
Гирамат дар бар ба вақти оштӣ.

Таъни худройӣ задӣ бар ошиқон,
Ошиқонро ҳамчу худ пиндоштӣ.

Шамъи рух кардӣ ниҳон аз оҳи ман,
Оҳи ман боди ҳаво ангоштӣ.

Навбати шоҳӣ задӣ дар мулки ҳусн,
З-оташи дилҳо алам афроштӣ.

Ҷомӣ, охир куштаи теғаш шудӣ,
Сар дар он кардӣ, ки дар сар доштӣ.