Дил, к-он хаёли нозук бо худ хаёл баста

Дил, к-он хаёли нозук бо худ хаёл баста,
Пеши ту мурғи ҷонро з-он ришта бол баста.

Чун хоста мусаввир тасвири абруи ту,
Бар офтоби тобон мушкинҳилол баста.

Пай чун ба базми васлат орам, ки ғайрати ту
Раҳ бар сабо гирифта, дар бар шамол баста.

То дар рикобат аз нав рангин дувол бандам1,
То доманам зи дида хун, бин, дувол баста.

Он кас, к-аз Оби Ҳайвон ҳар ҷо савол кардӣ,
Нӯшин лаби ту дида, лаб аз савол баста.

Сурат чӣ гуна бандам дар хотират, чу аз ман
Ойинаи дили ту занги малол баста.

Ин назми туст, Ҷомӣ ё тоза дастаи гул,
К-аз «Бӯстон»-и Саъдӣ табъи Камол баста.


1 Дувол бастан – камар бастан.