Дишаб ба сели ашк раҳи хоб мезадам

320

Дишаб ба сели ашк раҳи хоб мезадам,
Нақше ба ёди хатти ту бар об мезадам.

Абрӯи ёр дар назару хирқа сӯхта,
Ҷоме ба ёди гӯшаи меҳроб мезадам.

Ҳар мурғи фикр, к-аз сари шохи сухан биҷаст,
Бозаш зи турраи ту ба мизроб мезадам.

Рӯйи нигор дар назарам ҷилва менамуд
В-аз дур бӯса бар рухи маҳтоб мезадам.

Чашмам ба рӯйи соқию гӯшам ба қавли чанг,
Фоле ба чашму гӯш дар ин боб мезадам.

Нақши хаёли рӯйи ту то вақти субҳдам
Бар коргоҳи дидаи бехоб мезадам.

Соқӣ ба савти ин ғазалам коса мегирифт,
Мегуфтам ин суруду майи ноб мезадам.

Хуш буд вақти Ҳофизу фоли муроду ком
Бар номи умру давлати аҳбоб мезадам.