Донамат, остин чаро пеши ҷамол мебарӣ

549

Донамат, остин чаро пеши ҷамол мебарӣ,
Расм бувад, к-аз одамӣ рӯй ниҳон кунад парӣ.

Муътақидону дӯстон аз чапу рост мунтазир,
Кибр раҳо намекунад, к-аз пасу пеш бингарӣ.

Омаданат ки бингарам, боз назар ба худ кунам,
Сер намешавад назар, баски латифманзарӣ.

Ғояти кому давлат аст, он ки ба хидматат расид,
Банда миёни бандагон баста миён ба чокарӣ.

Рӯй ба хок мениҳам, гар ту ҳалок мекунӣ.
Даст ба банд медиҳам, гар ту асир мебарӣ.

Ҳар чӣ кунӣ ту, барҳақӣ, ҳокиму дастмутлақӣ,
Пеши кӣ доварӣ баранд аз ту, ки хасму доварӣ?

Банда агар ба сар равад дар талабат, куҷо расад,
Гар нарасад инояте дар ҳақи банда з-он сарӣ.

Гуфтам, агар бибинамат, меҳр фаромушат шавад,
Меравию муқобилӣ, ғоибу дар тасаввурӣ.

Ҷон бидиҳанду дар замон зинда шаванд ошиқон,
Гар бикушию баъд аз он бар сари кушта бигзарӣ.

Саъдӣ агар ҳалок шуд, умри ту боду дӯстон!
Милки ямини хешро гар бикушӣ, чӣ ғам х(в)арӣ?