Донӣ, ки чангу уд чӣ тақрир мекунанд?

200

Донӣ, ки чангу уд чӣ тақрир мекунанд?
Пинҳон хуред бода, ки таъзир мекунанд.

Номуси ишқу равнақи ушшоқ мебаранд,
Айби ҷавону сарзаниши пир мекунанд.

Ҷуз қалби тира ҳеч нашуд ҳосилу ҳанӯз
Ботил дар ин хаёл, ки иксир мекунанд.

Гӯянд, рамзи ишқ магӯеду машнавед,
Мушкил ҳикоятест, ки тақрир мекунанд.

Мо аз буруни дар шуда мағрури сад фиреб,
То худ даруни парда чӣ тадбир мекунанд.

Ташвиши вақти пири муғон медиҳанд боз,
Ин соликон нигар, ки чӣ бо пир мекунанд.

Сад мулки дил ба ними назар метавон харид,
Хубон дар ин муомила тақсир мекунанд.

Қавме ба ҷидду ҷаҳд ниҳоданд васли дӯст,
Қавми дигар ҳавола ба тақдир мекунанд.

Филҷумла, эътимод макун бар суботи даҳр,
К-ин корхонаест, ки тағйир мекунанд.

Май хур, ки шайху Ҳофизу муфтию муҳтасиб,
Чун нек бингарӣ, ҳама тазвир мекунанд.