Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан

392

Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,
Дар кӯйи ӯ гадойӣ бар хусравӣ гузидан.

Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин
Аз дӯстони ҷонӣ мушкил тавон буридан.

Хоҳам шудан ба бустон чун ғунча бо дили танг
В-он ҷо ба некномӣ пироҳане даридан.

Гаҳ чун насим бо гул рози ниҳуфта гуфтан,
Гаҳ сирри ишқбозӣ аз булбулон шунидан.

Бӯсидани лаби ёр аввал зи даст магзор,
К-охир малул гардӣ аз дасту лаб газидан.

Фурсат шумор суҳбат, к-аз ин дуроҳа манзил
Чун бигзарем, дигар натвон ба ҳам расидан.

Гӯӣ бирафт Ҳофиз аз ёди Шоҳ Мансур,
Ё Раб, ба ёдаш овар дарвеш парваридан.