Донӣ, чӣ гуфт маро он булбули саҳарӣ?

548

Донӣ, чӣ гуфт маро он булбули саҳарӣ?
Ту худ чӣ одамиӣ, к-аз ишқ бехабарӣ?

Уштур ба шеъри араб дар ҳолат асту тараб,
Гар завқ нест туро, кажтабъ ҷонварӣ.

Ман ҳаргиз аз ту назар бо хештан накунам,
Бинанда тан надиҳад ҳаргиз ба бебасарӣ.

Азбаски дар назарам хуб омадӣ, санамо,
Ҳар ҷо ки менигарам, гӯӣ, ки дар назарӣ.

Дигар нигаҳ накунам болои сарви чаман,
Дигар сифат накунам рафтори кабки дарӣ.

Кабк инчунин наравад, сарв инчунин начамад,
Товусро нарасад пеши ту ҷилвагарӣ.

Ҳар гаҳ ки мегузарӣ, ман дар ту менигарам,
К-аз ҳусни қомати худ бо кас наменигарӣ.

Азбаски фитна шавам бар рафтанат, на аҷаб,
Бар хештан ту зи мо сад бор фитнатарӣ.

Боре ба ҳукми карам бар ҳоли мо бинигар,
К-афтад, ки бори дигар бар хоки мо гузарӣ.

Саъдӣ ба ҷавру ҷафо меҳр аз ту барнаканад,
Ман хоки пои туам, в-ар хуни ман бих(в)арӣ.