Дуди дили мо нишони савдост

106

Дуди дили мо нишони савдост,
В-он дуд, ки аз дил аст, пайдост!

Ҳар мавҷ, ки мезанад дил аз хун,
Он дил набувад, магар, ки дарёст?!

Бегона шуданд ошноён,
Дил низ ба душманӣ чӣ бархост!

Ҳар сӯй, ки ишқ рахт бинҳод,
Ҳар ҷо, ки саломат аст, он ҷост!

Мо нагрезем аз ин маломат,
Зеро ки қадим хонаи мост!

Дар ишқ ҳасад баранд шоҳон,
З-он рӯй, ки ишқ шамъи дилҳост!

По бар сари чархи ҳафтумин ниҳ,
К-ин ишқ ба ҳуҷраҳои болост!

Ҳушёр мабош, з-он ки ҳушёр
Дар маҷлиси ишқ сахт расвост!

Мирӣ маталаб, ки мири маҷлис,
Гар чашм бибастааст, биност!

Ин ишқ ҳанӯз зери чодар,
Ин гарди сиёҳ, бин, ки бархост!

Ҳарчанд ки зери ҳафт парда-т,
Бед аст, ки сахт хубу зебост!

Шабхез кунед, ай ҳарифон,
Шамъ асту шаробу ёр танҳост!