Дур аз ту сабурӣ натавонад дили ман

Дур аз ту сабурӣ натавонад дили ман,
Васли ту ҳаёти хеш донад дили ман.
Оҳиста рав, эй дӯст, ки дил ҳамраҳи туст,
Зинҳор чунон марав, ки монад дили ман.