Ду бомдод агар ояд касе ба хидмати шоҳ

Ду бомдод агар ояд касе ба хидмати шоҳ,
Сеюм, ҳароина, дар вай кунад ба лутф нигоҳ.
Умед ҳаст парастандагони мухлисро,
Ки ноумед нагарданд аз остони Илоҳ.