Ду оқилро набошад кину пайкор

Ду оқилро набошад кину пайкор,
На доное ситезад бо сабукбор.

Агар нодон ба ваҳшат сахт гӯяд,
Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд

Ду соҳибдил нигаҳ доранд мӯе,
Ҳамедун саркаше в-озармҷӯе

В-агар бар ҳар ду ҷониб ҷоҳилонанд,
Агар занҷир бошад, бигсалонанд,