Ду чашми оҳувона-ш шергир аст

102

Ду чашми оҳувона-ш шергир аст,
К-аз ӯ бар ман равон борони тир аст!

Камони абрувону тири мижгон
Гувоҳонанд, к-ӯ бар ҷон амир аст!

Чу зулфи дарҳамаш дарҳам аз онам,
Ки бӯйи ӯ биҳ аз мушку абир аст!

Дар он зулфайн аз он печида ин ҷон,
Ки дил занҷири зулфашро асир аст!

Магӯ он сарви моро ту назире,
Ки моҳи мо ба хубӣ беназир аст!

Бияндозам ман ин сарро ба пешаш,
Агарчи ҷон ба пеши ӯ ҳақир аст!

Хаёли рӯйи шаҳро саҷда мекун,
Хаёли шаҳ ҳақиқатро вазир аст!