Ду ёри зираку аз бодаи куҳан ду мане

477

Ду ёри зираку аз бодаи куҳан ду мане,
Фароғатею китобею гӯшаи чамане.

Ман ин мақом ба дунёву охират надиҳам,
Агарчи дар паям афтанд ҳар дам анҷумане.

Ҳар он ки кунҷи қаноъат ба ганҷи дунё дод,
Фурӯхт Юсуфи Мисрӣ ба камтарин самане.

Биё, ки равнақи ин корхона кам нашавад
Ба зуҳди ҳамчу туе ё ба фисқи ҳамчу мане.

Зи тундбоди ҳаводис наметавон дидан
Дар ин чаман, ки гуле будааст ё сумане.

Бибин дар оинаи ҷом нақшбандии ғайб,
Ки кас ба ёд надорад чунин аҷаб замане.

Аз ин самум, ки бар тарфи бӯстон бигузашт,
Аҷаб, ки ранги гуле ҳасту бӯйи ёсумане.

Ба сабр кӯш ту, эй дил, ки Ҳақ раҳо накунад
Чунин азиз нигине ба дасти Аҳримане.

Мизоҷи даҳр табаҳ шуд дар ин бало, Ҳофиз,
Куҷост фикри ҳакимею ройи барҳамане?