Дӣ ба чаман баргузашт сарви сухангӯи ман

473

Дӣ ба чаман баргузашт сарви сухангӯи ман,
То накунад гул ғурур ранги ману бӯи ман.

Барги гули лаъл буд шоҳиди базми баҳор,
Оби гулистон бибурд шоҳиди гулрӯи ман.

Шуд сипар аз дасти ақл то зи камини итоб,
Теғи ҷафо баркашид турки зиреҳмӯи ман.

Соъиди дил чун надошт қуввати бозуи сабр,
Дасти ғамаш даршикаст панҷаи нерӯи ман.

Ишқ ба тороҷ дод рахти сабурии дил,
Менаканад бахти шӯр хайма зи паҳлӯи ман.

Кардаам аз роҳи ишқ чанд гузар сӯи ӯ,
Ӯ ба тафаззул накард ҳеч нигаҳ сӯи ман.

Ҷавр кашам бандавор, в-ар кушадам, ҳоким аст,
Хиракушӣ кори ӯст, боркашӣ хӯи ман.

Эй гули хушбӯи ман, ёд кунӣ баъд аз ин,
Саъдии бечора буд булбули хушгӯи ман?!