Дӣ бинавохт ёри ман бандаи ғамрасидаро

10

Дӣ бинавохт ёри ман бандаи ғамрасидаро,
Дод зи хеш чошнӣ ҷони ситамчашидаро!

Ҳуш фузуд ҳушро, ҳалқа намуд гӯшро,
Ҷӯш намуд нӯшро, нур фузуд дидаро!

Гуфт, ки ай низори ман, хаставу тарсгори ман,
Ман нафурӯшам аз карам бандаи худхаридаро!

Бин, ки чӣ дод мекунад, бин, чӣ кушод мекунад!
Юсуфи ёд мекунад ошиқи кафбуридаро!

Дошт маро чу ҷони х(в)ад, рафт зи ман гумони бад,
Бар китифам ниҳод ӯ хилъати наврасидаро!

Оҷизу бекасам мабин, ашки чу атласам мабин,
Дар тани ман кашида бин атласи заркашидаро!

Ҳар ки бувад дар ин талаб, бас аҷаб асту булъаҷаб,
Сад тараб аст дар тараб ҷони зи худ раҳидаро!

Чошнии ҷунуни ӯ хуштар, ё фусуни ӯ,
Чунки ниҳуфталаб газад хастаи ғамгазидаро.

Ваъда диҳад ба ёри худ, гул диҳад аз канори худ,
Пур кунад аз хумори худ дидаи хунчакидаро!

Куҳли назар дар ӯ ниҳад, дасти карам бар ӯ занад,
Сина бисӯзад аз ҳасад ин фалаки хамидаро!

Ҷоми майи аласти худ хеш диҳад ба масти худ,
Табл занад ба дасти худ бози дили паридаро!

Баҳри Худойро, хамуш, хӯйи сукутро макуш,
Чунки асида1 мерасад, кӯтаҳ кун қасидаро!

Муфтаъилун, муфтаъилун, муфтаъилун, муфтаъилун,
Дар макушову кам намо гулшани наврасидаро!


1 Як навъи ҳалво.