Дӣ кӣ буд он кофири саркаш, ки таркаш баста буд

Дӣ кӣ буд он кофири саркаш, ки таркаш баста буд,
Тири мижгон дар камони абрувон пайваста буд?

Як дил андар бар набинам мардуми наззораро,
К-аш на он абрӯкамон аз тири мижгон хаста буд.

Хирмани тақвову сабри аҳли дил солим наҷаст
З-оташе, к-аз наъли сумми бодпояш ҷаста буд.

Риштаҳо буд аз раги ҷонҳо муҳайё ҳар тараф,
Тавсанашро чун инон аз саркашӣ бигсаста буд.

Шуд дилам сад шоху бо ҳар як ҷудо пайванд ёфт
Шохи райҳони тараш, к-аз барги насрин раста буд.

Ӯ гузашт аз мову мо мондем танҳо, чун кунем,
Маркаби ӯ тунду моро борагӣ оҳиста буд.

Дид Ҷомӣ ногаҳон он шакли шаҳрошӯбу рафт,
Он ки рӯзе чанд аз савдои хубон раста буд.