Дӣ чу ба бӯстон туро ҷо ба канори об шуд

Дӣ чу ба бӯстон туро ҷо ба канори об шуд,
Об зи акси рӯйи ту чашмаи офтоб шуд.

Ҷаст ба боғ бе рухат ламъаи барқи оҳи ман,
Шохи дарахт шуъла зад, мурғи чаман кабоб шуд.

Хостам аз Худо, ки дил моили меҳр гардадат,
Дар ҳақи ту дуои ман шукр, ки мустаҷоб шуд.

Муҳтасиби сабӯшикан дид сафои ҷоми май,
Машраби майгусорияш монеи эҳтисоб1 шуд.

Раҳ ба ҳарими базми ту буд бурун зи вусъи ман,
Сӯйи туам зимомкаш замзамаи рубоб шуд.

Дидаи ақли тезбин шуд зи фурӯғи ишқи ту,
Ҳар чӣ хато шумурда буд, он ҳамагӣ савоб шуд.

Ронд зи растаи дарат Ҷомии тангдил сухан,
Риштаи назми дилкашаш силки дури хушоб шуд.


1 Эҳтисоб – ҷазо.