Дӯш бе рӯи ту оташ бар сарам бар мешуд

213

Дӯш бе рӯи ту оташ бар сарам бар мешуд,
В-обе аз дида миёмад, ки замин тар мешуд.

То ба афсӯс ба поён наравад умри азиз,
Ҳама шаб зикри ту мерафту мукаррар мешуд.

Чун шаб омад, ҳамаро дида биёромаду ман,
Гуфтӣ, андар буни мӯям сари ништар мешуд.

Он на май буд, ки дур аз назарат мехурдам,
Хуни дил буд, ки аз дида ба соғар мешуд.

Аз хаёли ту ба ҳар сӯ, ки назар мекардам,
Пеши чашмам дару девор мусаввар мешуд.

Чашми Маҷнун чу бихуфтӣ, ҳама Лайлӣ дидӣ,
Муддаъӣ буд, агараш хоб муяссар мешуд.

Ҳуш меомаду мерафту на дидори туро
Мебидидам, на хаёлам зи баробар мешуд.

Гоҳ чун уд бар оташ дили тангам месӯхт,
Гоҳ чун миҷмараам дуд ба сар бар мешуд.

Гӯӣ, он субҳ куҷо рафт, ки шабҳои дигар
Нафасе мезаду офоқ мунаввар мешуд.

Саъдиё, иқди Сурайё магар имшаб бигурехт?
В-арна, ҳар шаб ба гиребони уфуқ бар мешуд.