Дӯш бо ман гуфт пинҳон кордоне тезҳуш

286

Дӯш бо ман гуфт пинҳон кордоне тезҳуш
В-аз шумо пинҳон нашояд кард сирри майфурӯш.

Гуфт: Осон гир бар худ корҳо, к-аз рӯйи табъ
Сахт мегирад ҷаҳон бар мардумони сахткӯш.

В-он гаҳам дардод ҷоме, к-аз фурӯғаш бар фалак
Зуҳра бар рақс омаду барбатзанон мегуфт: Нӯш!

Бо дили хунин лаби хандон биёвар ҳамчу ҷом,
Не, гарат захме расад, ойӣ чу чанг андар хурӯш.

То нагардӣ ошно, з-ин парда рамзе нашнавӣ,
Гӯши номаҳрам набошад ҷойи пайғоми Суруш.

Гӯш кун панд, эй писар в-аз баҳри дунё ғам махур,
Гуфтамат чун дур ҳадисе, гар тавонӣ дошт гӯш.

Дар ҳарими ишқ натвон зад дам аз гуфтушунид,
З-он ки он ҷо ҷумла аъзо чашм бояд буду гӯш.

Бар бисоти нуктадонон худфурӯшӣ шарт нест,
Ё сухан дониста гӯ, эй марди оқил, ё хамӯш.

Соқиё, май деҳ, ки риндиҳои Ҳофиз фаҳм кард
Осафи соҳибқирони ҷурмбахши айбпӯш.