Дӯш вақти саҳар аз ғусса наҷотам доданд

183

Дӯш вақти саҳар аз ғусса наҷотам доданд
В-андар он зулмати шаб оби ҳаётам доданд.

Бехуд аз шаъшаъаи партави зотам карданд,
Бода аз ҷоми таҷаллии сифотам доданд.

Чӣ муборак саҳаре буду чӣ фархунда шабе,
Он шаби қадр, ки ин тоза баротам доданд.

Баъд аз ин рӯйи ману ойинаи васфи ҷамол,
Ки дар он ҷо хабар аз ҷилваи зотам доданд.

Ман агар комраво гаштаму хушдил, чӣ аҷаб,
Мустаҳиқ будаму инҳо ба закотам доданд.

Ҳотиф он рӯз ба ман муждаи ин давлат дод,
Ки бар он ҷавру ҷафо сабру суботам доданд.

Ин ҳама шаҳду шакар, к-аз суханам мерезад,
Аҷри сабрест, к-аз он шохи наботам доданд.

Ҳиммати Ҳофизу анфоси саҳархезон буд,
Ки зи банди ғами айём наҷотам доданд.