Дӯш мурғе ба субҳ менолид

Дӯш мурғе ба субҳ менолид,
Ақлу сабрам бибурду тоқату ҳуш.

Яке аз дӯстони мухлисро
Магар овози ман расид ба гӯш,

Гуфт: Бовар надоштам, ки туро
Бонги мурғе чунин кунад мадҳуш.

Гуфтам: Ин шарти одамият нест —
Мурғ тасбеҳгую ман хомӯш.