Дӯш огаҳӣ зи ёри сафаркарда дод бод

102

Дӯш огаҳӣ зи ёри сафаркарда дод бод,
Ман низ дил ба бод диҳам, ҳар чӣ бод, бод!

Корам бад-он расид, ки ҳамрози худ кунам
Ҳар шом барқи ломеъу ҳар бомдод бод.

Дар чини турраи ту дили беҳифози ман
Ҳаргиз нагуфт «Маскани маълуф ёд бод».

Имрӯз қадри панди азизон шинохтам,
Ё Раб, равони носеҳи мо аз ту шод бод!

Хун шуд дилам ба ёди ту, ҳар гаҳ ки дар чаман
Банди қабои ғунчаи гул мегушод бод.

Аз даст рафта буд вуҷуди заифи ман,
Субҳам ба бӯйи васли ту ҷон боздод бод.

Ҳофиз, ниҳоди неки ту комат бароварад,
Ҷонҳо фидои мардуми некӯниҳод бод!