Дӯш савдои рухаш, гуфтам, зи сар берун кунам

349

Дӯш савдои рухаш, гуфтам, зи сар берун кунам,
Гуфт: Ку занҷир, то тадбири ин маҷнун кунам?

Қоматашро сарв гуфтам, сар кашид аз ман ба хашм,
Дӯстон, аз рост меранҷад нигорам, чун кунам?

Нукта носанҷида гуфтам, дилбаро, маъзур дор,
Ишвае фармой, то ман табъро мавзун кунам.

Зардрӯйӣ мекашам з-он табъи нозук бегуноҳ,
Соқиё, ҷоме бидеҳ, то чеҳраро гулгун кунам.

Эй насими манзили Лайлӣ, Худоро, то ба кай
Рабъро барҳам занам, атлолро Ҷайҳун кунам?

Ман, ки раҳ бурдам ба ганҷи ҳусни бепоёни дӯст,
Сад гадои ҳамчу худро баъд аз ин Қорун кунам.

Эй маҳи соҳибқирон, аз банда Ҳофиз ёд кун,
То дуои давлати он ҳусни рӯзафзун кунам.