Забони хома надорад сари баёни фироқ

297

Забони хома надорад сари баёни фироқ,
В-агарна шарҳ диҳам бо ту достони фироқ.

Дареғи муддати умрам, ки бар умеди висол
Ба сар расиду наёмад ба сар замони фироқ.

Саре, ки бар сари гардун ба фахр месудам,
Ба ростон, ки ниҳодам бар остони фироқ.

Чӣ гуна боз кунам бол дар ҳавои висол,
Ки рехт мурғи дилам пар дар ошёни фироқ?!

Кунун чӣ чора, ки дар баҳри ғам ба гирдобе
Фитода заврақи сабрам зи бодбони фироқ.

Басе намонд, ки киштии умр ғарқа шавад,
Зи мавҷи шавқи ту дар баҳри бекарони фироқ.

Агар ба дасти ман афтад, фироқро бикушам,
Ки рӯзи ҳаҷр сияҳ бод хонумони фироқ!

Рафиқи хайли хаёлему ҳамнишини шакеб,
Қарини оташи ҳиҷрону ҳамқирони фироқ.

Чӣ гуна даъвии васлат кунам ба ҷон, ки шудаст
Танам вакили қазову дилам замони фироқ?!

Зи сӯзи шавқ дилам шуд кабоб дур аз ёр,
Мудом хуни ҷигар мехурам зи хони фироқ.

Фалак чу дид сарамро асири чанбари ишқ,
Бибаст гардани сабрам ба ресмони фироқ.

Ба пойи шавқ гар ин раҳ ба сар шудӣ, Ҳофиз,
Ба дасти ҳаҷр надодӣ касе инони фироқ.