Зад зи ғунча бори дигар хайма бар гулзор гул

Зад зи ғунча бори дигар хайма бар гулзор гул,
Дод мастонро ба ишратгоҳи бустон бор гул.

Ғунча ҳар барги тараб, к-аз шавкати дай менуҳуфт,
Кард бо боди баҳорӣ як ба як изҳор гул.

Бигсил1 аз домони мутриб чанг, к-аз мурғони боғ,
Бар сари ҳар шох дорад мутрибе тайёр гул.

Ғунчаро дил хун шуд аз камумрии гул, турфа он-к
Мекунад з-он хуни дил гулгунаи рухсор гул.

З-оби софе шуд мусанно шохи гул паргорвор,
Шаклҳои мустадир ангехт з-он паргор гул.

З-имтидоди ҷӯ ба тӯмори муҷадвал монд об,
Акси гул дар вай чу бар дебочаи тӯмор гул.

Ростбозорест пиндорӣ чаман, к-аз рангу бӯй,
Шуд дар он бозор ҳам саббоғу2 ҳам аттор гул.

Дар тамоил монда бар шохи зумуррадгун зи бод
Ҳамчу чатри лаъли султони фалакмиқдор гул.

Хомаи Ҷомӣ, ки шуд дар васфи гул чун хор тез,
Хост з-он сад маънии рангин чунон, к-аз хор гул.


1 Бигсил – лафзи амр аз феъли гусехтан – канда шудан.
2 Саббоғ – рангрез.