Замини шӯра сунбул барнаёрад

Замини шӯра сунбул барнаёрад,
Дар ӯ тухму амал зоеъ магардон.
Накуӣ бо бадон кардан чунон аст,
Ки бад кардан ба ҷои некмардон.