Занони бордор, эй марди ҳушёр

Занони бордор, эй марди ҳушёр,
Агар вақти валодат мор зоянд,
Аз он беҳтар ба наздики хирадманд,
Ки фарзандони ноҳамвор зоянд.