Зинда шавад, ҳар кӣ пеши дӯст бимирад

182

Зинда шавад, ҳар кӣ пеши дӯст бимирад,
Мурдадил аст, он ки ҳеч дӯст нагирад.

Ҳар кӣ зи завқаш даруни сина сафоест,
Шамъи дилашро зи шоҳиде нагузирад.

Толиби ишқӣ, диле чу мум ба даст ор,
Санги сияҳ сурати нигин напазирад.

Сурати сангиндиле кашидаи Саъдист,
Ҳар кӣ бад-ин сураташ кашанд, намирад.