Зиҳӣ, ишқи туро бар куфру дин пушт

Зиҳӣ, ишқи туро бар куфру дин пушт,
Рухат оташ зада бар ҷони Зардушт.

Бувад равшан зи рухсору ҷабинат,
Ки ту хуршеду моҳӣ пушт бар пушт.

Ба васфи зулфи ту карда дабирон
Сиёҳиву қалам з-ангишту ангушт.

Ба афсун боз натвон растан аз ишқ,
Нашояд машъали субҳ аз қафас кушт.

Ба он ғамза машав, Ҷомӣ, муқобил,
Мазан бо он дарафш аз содагӣ мушт.