Зиҳӣ хуҷаста замоне, ки ёр боз ояд

235

Зиҳӣ хуҷаста замоне, ки ёр боз ояд,
Ба коми ғамзадагон ғамгусор боз ояд.

Ба пеши хайли хаёлаш кашидам аблақи чашм,
Бад-он умед, ки он шаҳсавор боз ояд.

Агар на дар хами чавгони ӯ равад сари ман,
Зи сар чӣ гӯяму сар худ чӣ кор боз ояд?

Муқим бар сари роҳаш нишастаам чун гард,
Бад-он ҳавас, ки бад-ин раҳгузор боз ояд.

Диле, ки бо сари зулфайни ӯ қароре дод,
Гумон мабар, ки бад-он дил қарор боз ояд.

Чӣ ҷаврҳо, ки кашиданд булбулон аз дай,
Ба бӯйи он ки дигар навбаҳор боз ояд.

Зи нақшбанди қазо ҳаст умеди он, Ҳофиз,
Ки ҳамчу сарв ба дастам нигор боз ояд.