Зиҳӣ чашми ҷаҳонбин равшан аз ту

Зиҳӣ чашми ҷаҳонбин равшан аз ту,
Ба чашми мо ҷаҳон чун гулшан аз ту.

Макун, гӯ, хонаам равшан маҳи нав,
Ки пурмоҳ аст бому равзан аз ту.

Зи бас дар дилбарӣ устод гаштӣ,
Бутон гиранд таълим ин фан аз ту.

Лабат гар ҷонситон будӣ чу ғамза,
Набурдӣ ҷон саломат як тан аз ту.

Бидаррад ҷайб то доман, гар афтад
Ҷудо ҳамчун қабо пероҳан аз ту.

Занад гул лоф то пероҳанат, лек
Надорад бӯй он тардоман аз ту.

Магӯ ҳар дам: – Чӣ хоҳӣ, Ҷомӣ, аз ман,
Ки ғайр аз ту намехоҳам ман аз ту.