Зи дар дарою шабистони мо мунаввар кун

397

Зи дар дарою шабистони мо мунаввар кун,
Ҳавои маҷлиси рӯҳониён муаттар кун.

Агар фақеҳ насиҳат кунад, ки ишқ мабоз,
Пиёлае бидиҳаш, гӯ, димоғро тар кун.

Ба чашму абруйи ҷонон супурдаам дилу ҷон,
Биё, биёву тамошои тоқу манзар кун.

Ситораи шаби ҳиҷрон намефишонад нур,
Ба боми қаср барою чароғи маҳ бар кун.

Бигӯ ба хозини ҷаннат, ки хоки ин маҷлис
Ба туҳфа бар суйи фирдавсу уди миҷмар кун.

Аз ин музавваҷаву хирқа нек дар тангам,
Ба як карашмаи сӯфикушам қаландар кун.

Чу шоҳидони чаман зери дасти ҳусни туанд,
Карашма бар суману ҷилва бар санавбар кун.

Фузули нафс ҳикоят басе кунад, соқӣ,
Ту кори худ мадеҳ аз дасту май ба соғар кун.

Ҳиҷоби дидаи идрок шуд шуъоъи ҷамол,
Биёву хиргаҳи хуршедро мунаввар кун.

Тамаъ ба қанди висоли ту ҳадди мо набувад,
Ҳаволатам ба лаби лаъли ҳамчу шаккар кун.

Лаби пиёла бибӯс, он гаҳе ба мастон деҳ,
Бад-ин дақиқа димоғи муоширон тар кун.

Пас аз мулозимати айшу ишқи маҳрӯён
Зи корҳо, ки кунӣ, шеъри Ҳофиз аз бар кун.