Зи дасти кӯтаҳи худ зери борам

323

Зи дасти кӯтаҳи худ зери борам,
Ки аз болобаландон шармсорам.

Магар занҷири мӯе гирадам даст,
В-агарна сар ба шайдоӣ барорам.

Зи чашми ман бипурс авзои гардун,
Ки шаб то рӯз ахтар мешуморам

Бад-ин шукрона мебӯсам лаби ҷом,
Ки кард огаҳ зи рози рӯзгорам.

Агар гуфтам дуои майфурӯшон,
Чӣ бошад, ҳаққи неъмат мегузорам.

Ман аз бозуи худ дорам басе шукр,
«Ки зӯри мардумозорӣ надорам».

Ту аз хокам нахоҳӣ баргирифтан,
Ба ҷойи ашк агар гавҳар биборам.

Саре дорам чу Ҳофиз маст, лекин
Ба лутфи он саре уммедворам.