Зи дилбарам кӣ расонад навозиши қаламе?

471

Зи дилбарам кӣ расонад навозиши қаламе?
Куҷост пайки сабо, гар ҳамекунад караме?

Қиёс кардаму тадбири ақл дар раҳи ишқ,
Чу шабнамест, ки бар баҳр мекашад рақаме.

Биё, ки хирқаи ман гарчи раҳни майкадаҳост,
Зи моли вақф набинӣ ба номи ман дираме.

Ҳадиси чуну чаро дарди сар диҳад, эй дил,
Пиёла гиру биёсо зи умри хеш даме.

Табиби роҳнишин дарди ишқ нашносад,
Бирав, ба даст кун, эй мурдадил, масеҳдаме!

Дилам гирифт зи солусу табли зери гилем,
Хуш он ки бар дари майхона баркашам аламе.

Биё, ки вақтшиносон ду кавн бифурӯшанд
Ба як пиёла майи софу суҳбати санаме.

Давоми айшу танаъъум на шеваи ишқ аст,
Агар муошири мойӣ, бинӯш неши ғаме!

Намекунам гилае, лек абри раҳмати дӯст
Ба киштзори ҷигарташнагон надод наме.

Чаро ба як найи қандаш намехаранд он кас,
Ки кард сад шакарфшонӣ аз найн қаламе?

Сазои қадри ту, шоҳо, ба дасти Ҳофиз чист,
Ниёзи нимишабию дуои субҳдаме.