Зи фарзин банди он рух ман, чи шаҳмотам, чи шаҳмотам?!

497

Зи фарзин банди он рух ман, чи шаҳмотам, чи шаҳмотам?!
Макун, ай шаҳ мукофотам, макун, ай шаҳ мукофотам!

Дилам пур гашт аз миҳре, ки бар чашм аст аз ӯ муҳре,
Агар дар пеши миҳробам вагар ганҷи хароботам!

Ба лахти ин дили пора магар раҳмат шуд овора?!
Маро фарёд рас, охир, ки дар дарёи офотам!

Чу шоҳи хушхиром омад, ҷуз ӯ бар ман ҳаром омад,
Чи бебаргам зи ҳиҷронаш, агар дар боғу ҷаннотам?!

Маро рухсори ӯ бояд, чи суд аз Моҳу Парвинам,
Чу шоми зулфи ӯ хоҳам, чи суд аз Шому Шомотам?!

Чу аз дасташ хурам бода, манам озоду озода,
Чу пеши ӯ замин бӯсам, ба болои самовотам!

Саъодатҳо, ки ман дорам зи Шамсуддини Табрезӣ,
Саъодатҳо суҷуд орад ба пеши ин саъодотам!