Зи яке пистадаҳоне, санаме баста, даҳонам

587

Зи яке пистадаҳоне, санаме баста, даҳонам,
Чу бирӯйид наботаш, чу шакар баст забонам!

Ҳама хубии қамар ӯ, ҳама шодист магар ӯ,
Ки аз ӯ ман тани худро зи шакар бознадонам?!

Ту чи пурсӣ, ки кадомӣ, ту дар ин ишқ чӣ номӣ?!
Санамо, шоҳи ҷаҳонӣ, зи ту ман шоди ҷаҳонам!

Чу қадаҳ рехта гаштам, ба ту омехта гаштам,
Чу бидидам, ки ту ҷонӣ, масали ҷон пинҳонам!

Вагарам ҳаст агар ман, биниҳ ангушт ту бар ман,
Ки ман андар талаби худ сари ангуштгазонам!

Чу аз ӯ дар таку тобам, зи паяш сахт шитобам,
Чу маро бурд ба норам, ду чу худ бозситонам!

Чу шакаргири ту гаштам, чу ман аз тири ту гаштам,
Чӣ шуд, ар баҳри шикорат шиканад тиру камонам?!

Чу Салоҳи дилу динро, маҳи хуршеди яқинро,
Ба ту афтод муҳаббат, ту шудӣ ҷону равонам!