Зи ҳад гузашт ҷудоӣ миёни мо, эй дӯст

103

Зи ҳад гузашт ҷудоӣ миёни мо, эй дӯст,
Биё, биё, ки ғуломи туам, биё, эй дӯст,

Агар ҷаҳон ҳама душман шавад, зи домани ту
Ба теғи марг шавад дасти ман раҳо, эй дӯст.

Сарам фидои қафои маломат аст, чӣ бок,
Гарам бувад сухани душман аз қафо, эй дӯст?

Ба ноз агар бихиромӣ, ҷаҳон хароб кунӣ,
Ба хуни хаста агар ташнаӣ, ҳало, эй дӯст!

Чунон ба доғи ту бошам, ки гар аҷал бирасад,
Ба шаръам аз ту ситонанд хунбаҳо, эй дӯст.

Вафои аҳд нигаҳ дору аз ҷафо бигузар,
Ба ҳаққи он ки наям ёри бевафо, эй дӯст.

Ҳазор сол пас аз марги ман чу боз оӣ,
Зи хок наъра барорам, ки марҳабо1, эй дӯст.

Ғами ту даст бароварду хуни чашмам рехт,
Макун, ки даст барорам ба раббано2, эй дӯст.

Агар ба хурдани хун омадӣ, ҳало, бархез,
В-агар ба бурдани дил омадӣ, биё, эй дӯст.

Бисоз бо мани ранҷури нотавон, эй ёр,
Бибахш бар мани мискини бенаво, эй дӯст.

Ҳадиси Саъдӣ агар нашнавӣ, чӣ чора кунад?
Ба душманон натавон гуфт моҷаро, эй дӯст.


1 Офарин, хуш омадӣ.
2 Парвардгоро.