Зи ҳиҷрон мурдаам, ҷоно, напиндорӣ, ки ҷон дорам

Зи ҳиҷрон мурдаам, ҷоно, напиндорӣ, ки ҷон дорам,
Ба мизроби ғамат чун чанги беҷон ин фиғон дорам.

На тан дон ин, ки мебинӣ, пайи қути сагони ту
Кашида дар даруни пӯст муште устухон дорам.

Зи ту набвад тиҳӣ як лаҳза беруну даруни ман,
Ҳамеша ёди ту дар ҷону номат бар забон дорам.

Макун туҳмат, ки рози ишқи ман бар ину он гуфтӣ,
Ки аз худ низ, агар дастам диҳад, онро ниҳон дорам.

Якеро нақди имрӯзу якеро насяи фардо,
Зи савдоят мани муфлис на ин дорам, на он дорам.

Бувад, к-андар паси номус монӣ, меҳрбон гардӣ,
Ба ҳар кас гуфтаам ҳар ҷо, ки ёри меҳрбон дорам.

Ҷаҳоне таъназан, к-он маҳ нахоҳад ёри Ҷомӣ шуд,
Агар ту ёри ман бошӣ, чӣ парвои ҷаҳон дорам.