Зӯр бояд, на зар, ки бонуро

Зӯр бояд, на зар, ки бонуро
Гурзе дӯсттар, ки даҳ ман гушт.

Шунидаам, ки дар ин рӯзҳо куҳанпире
Хаёл баст ба пиронасар, ки гирад ҷуфт.

Бихост духтараке хубрӯй, Гавҳар ном,
Чу дурни гавҳараш аз чашми мардумон бинҳуфт.

Чунон ки расми арӯсӣ бувад, муҳайё буд,
Вале ба ҳамлаи аввал асои шайх бихуфт,

Камон кашиду бизад бар ҳадаф, ки натвон дӯхт
Магар ба сӯзани фӯлод ҷомаи ҳангуфт.

Ба дӯстон гила оғоз карду ҳуҷҷат сохт,
Ки хонумони ман ин шӯхдида пок бируфт,

Миёни шавҳару зан ҷангу фитна хост чунон,
Ки cap ба шаҳнаву қозӣ кашиду Саъдӣ гуфт:

Пас аз хилофу шаниат гуноҳи духтар чист?
Туро, ки даст биларзад, гуҳар чӣ донӣ суфт?!