З-андоза берун ташнаам, соқӣ, бидеҳ он обро

8

З-андоза берун ташнаам, соқӣ, бидеҳ он обро,
Аввал маро сероб кун в-он гаҳ бидеҳ асҳобро.

Ман низ чашм аз хоби хуш бар менакардам пеш аз ин,
Рӯзи фироқи дӯстон шабхуш бигуфтам хобро.

Ҳар порсоро, к-он санам аз пеши хотир бигзарад,
Чашмаш бар абрӯ афканад, ботил кунад меҳробро.

Ман сайди ваҳшӣ нестам, дар банди ҷони хештан,
Гар вай ба тирам мезанад, истодаам партобро.

Миқдори1 ёри ҳамнафас чун ман надонад ҳеч кас,
Моҳӣ, ки бар хушк уфтад, қимат бидонад обро.

Вақте дар обе то миён дастею пое мезадам,
Акнун ҳамон пиндоштам дарёи бепоёбро2.

Имрӯз ҳоло ғарқаам, то бо каноре уфтам,
Он гаҳ ҳикоят гӯямат дарди дили ғарқобро.

Гар бевафоӣ кардаме, ярғу3 ба қоон4 бурдаме,
К-он кофир аъдо мекушад в-ин сангдил аҳбобро5.

Фарёд медорад рақиб аз дасти муштоқони ӯ,
Овози мутриб дар саро заҳмат бувад баввобро6.

Саъдӣ, чу ҷавраш мебарӣ, наздики ӯ дигар марав,
Эй бебасар, ман меравам? Ӯ мекашад қуллобро.


1 Қадру арзиш.
2 Амиқу жарф.
3 Додхоҳӣ.
4 Лақаби подшоҳони Чин.
5 Дӯстон, ёрон.
6 Дарбон.