З-он бути озарӣ хабар кӣ диҳад?

З-он бути озарӣ хабар кӣ диҳад?
З-он маҳи ховарӣ хабар кӣ диҳад?

Дили мо муштарист он маҳро,
Ба маҳ аз муштарӣ хабар кӣ диҳад?

Медавад ашки мо ба ҳар сари роҳ,
То аз он лашкарӣ хабар кӣ диҳад?

Бехабар з-ӯ шудем девона,
З-он фусунгарпарӣ хабар кӣ диҳад?

Кафши ӯ тоҷи мост шоҳонро,
З-ин баландафсарӣ хабар кӣ диҳад?

Тахти Ҷам шуд ба бод, мунтазир аст,
То зи ангуштарӣ хабар кӣ диҳад?

Ёр шуд ҷаврпеша Ҷомиро,
З-он навозишгарӣ хабар кӣ диҳад?