З-он гаҳ, ки бар он сурати хубам назар афтод

155

З-он гаҳ, ки бар он сурати хубам назар афтод,
Аз сурати бетоқатиям парда барафтод.

Гуфтем, ки ақл аз ҳама коре бадар ояд,
Бечора фурӯ монд, чу ишқаш ба сар афтод.

Шамшер кашидаст назар бар сари мардум,
Чун пой бидорам, ки зи дастам сипар афтод?

Дар сӯхта пинҳон натавон доштан оташ,
Мо ҳеч нагуфтему ҳикоят бадар афтод.

Бо ҳар кӣ хабар гуфтам аз авсофи ҷамилаш,
Муштоқ чунон шуд, ки чу ман бехабар афтод.

Ҳон, то лаби ширин наситонад дилат аз даст,
К-он к-аз ғами ӯ кӯҳ гирифт, аз камар афтод.

Соҳибназарон ин нафаси гарми чу оташ
Донанд, ки дар хирмани ман бештар афтод.

Некам назар афтод бар он манзари матбӯъ,
К-аввалназарам ҳар чӣ вуҷуд, аз назар афтод.

Саъдӣ на ҳарифи ғами ӯ буд, валекин
Бо Рустами Дастон бизанад, ҳар кӣ дарафтод.