З-он гаҳ ки туро бар мани мискин назар аст

З-он гаҳ ки туро бар мани мискин назар аст,
Осорам аз офтоб машҳӯртар аст.
Гар худ ҳама айбҳо бад-ин банда дар аст,
Ҳар айб, ки султон биписандад, ҳунар аст.

Аз он замоне, ки ту (эй подшоҳи Форс) бар мани бечораву мискин таваҷҷуҳу муҳаббат намудаӣ, (аз баракати лутфи ту) асарҳои навиштаи ман ҳамчун офтоб дар тамоми олам машҳӯру шинохта шудаанд. Агар ҳамаи айбу нуқсонҳо дар ман вуҷуд дошта бошанд, вале ҳар айбу камбудие, ки дар назари подшоҳ писанд ояд, он ҳунар ва сифати хуб ба ҳисоб меравад.