З-он майи ишқ, к-аз ӯ пухта шавад ҳар хоме

467

З-он майи ишқ, к-аз ӯ пухта шавад ҳар хоме,
Гарчи моҳи рамазон аст, биёвар ҷоме

Рӯзҳо рафт, ки дасти мани мискин нагирифт.
Зулфи шамшодқаде, соъиди симандоме.

Рӯза ҳарчанд ки меҳмони азиз аст, эй дил,
Суҳбаташ мавҳибате дону шудан инъоме.

Мурғи зирак ба дари хонақаҳ акнун напарад,
Ки ниҳода-ст ба ҳар маҷлиси ваъзе доме.

Гила аз зоҳиди бадхӯ накунам, расм ин аст,
Ки чу субҳе бидамад, дар паяш афтад шоме.

Ёри ман чун бихромад ба тамошои чаман,
Бирасонаш зи ман, эй пайки сабо, пайғоме!

Он ҳарифе, ки шабу рӯз майи соф кашад,
Бувад оё, ки кунад ёд зи дурдошоме?

Ҳофизо, гар надиҳад доди дилат Осафи аҳд,
Ком душвор ба даст оварӣ аз худкоме.