З-оташи ишқат алам зад риштаи ҷонам чу шамъ

З-оташи ишқат алам зад риштаи ҷонам чу шамъ,
Ашк шуд яксар танам в-аз дида меронам чу шамъ.

Инчунинам, к-оташи ишқи ту дар дил хона кард,
Хоҳад охир сар баровард аз гиребонам чу шамъ.

Бар умеди бӯйи ту, ё партаве аз рӯйи ту
Рӯз дар боғам чу гул, шаб дар шабистонам чу шамъ.

Имшаб, ай субҳи саодат, чанд сӯзад бе рухат,
Рӯй бинмо, то ба рӯят ҷон барафшонам чу шамъ.

Дидаам то зинда худро, кори ман ҷуз гиря нест,
Турфатар ҳоле, ки бо ин гиря хандонам чу шамъ.

Мондаам ҳайрони ҳоли худ, ки бо ин заъфтан,
Чун миёни обу оташ зинда мемонам чу шамъ.

Ҳар шабам гӯйӣ, ки Ҷомӣ, чанд сӯзӣ баҳри ман,
Чун кунам, ҷуз сӯхтан коре намедонам чу шамъ.