З-оташи таб маҳи рухсори ту дар тоб мабод

З-оташи таб маҳи рухсори ту дар тоб мабод
В-аз арақ лолаи сероби ту беоб мабод!

Субҳгоҳон зи садое, ки таб орад ба сарат,
Наргиси чашми ҷаҳонбини ту бехоб мабод.

Тоби табхола набошад лаби ширини туро,
Доғи ҷонсӯзи ту ҷуз бар лаби аҳбоб мабод.

Айшсозон чу саҳар ҷоми сабӯҳӣ гиранд,
Соғари айши ту холӣ зи майи ноб мабод.

Ғамза бас қотили онон, ки фидои ту шаванд,
Бар сари куштаи ту миннати қассоб мабод!

Гавҳари васли ту дар дурҷи фалак ноёб аст,
Сифларо даст бар ин гавҳари ноёб мабод!

Чун дуои ту кунад дафъи балоро, Ҷомӣ,
Ғайри абрӯи туаш қиблаи меҳроб мабод!